Русияро хуш надоранд: соли 2018 ба Русия кам муҳоҷир омадааст

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию. Архивное фото
Иностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи пажӯҳиши коршиносон дар соли 2018 шумораи камтарини муҳоҷирон ба Русия омадаанд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Оғоз аз соли 2005 инҷониб, шумораи камтарини муҳоҷирон, ки ба Русия ворид шудаанд, ба соли 2018 рост омад. Дар ин бора коршиносони Донишгоҳи таҳлилии Академияи илмҳои Русия гузориш медиҳад.

Бино ба таҳлил соли равон наздики 125 000 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ворид шудаанд. Дар баробари ин шумораи муҳоҷироне, ки дар нимсолаи дуюми соли 2018 ба Русия омааанд, дар қиёс бо ҳамин давраи соли пешин. ду баробар камтар мебошад.

Граждане Узбекистана располагаются в самолете перед полетом - Sputnik Тоҷикистон
ВУД Русия пешниҳод кард: муҳоҷирон ҳаққи ихроҷро ҷуброн кунанд

Ғайр аз Озарбойҷон Арманистон ва Туркманистон шумораи муҳоҷирон аз дигар кишварҳо ба маротиб кам шудааст.

Муҳоҷирони дар соли 2018 воридшуда, 57,2 дарсади камшуди аҳолии Русияро бартараф кардаанд.

Дар баробари ин дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ омада, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар тамоми ҷаҳон соли 2018 шумораи бештарини маблағ дар таърихро, интиқол додаанд.

Дар умум дар ҷаҳон аз ҷониби муҳоҷирон дар соли 2018-689 миллиард доллар интиқол дода шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳар муҳоҷири чорум дар ҳудуди Русия қавонини муҳоҷират ё дигар намуди қонунро нақз мекунад.

© Sputnik / Данияр Асылбек уулуРӯйхати касбу корҳое, ки дар ҳудуди русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ мамнуъ шудаанд
Русияро хуш надоранд: соли  2018 ба Русия кам муҳоҷир омадааст - Sputnik Тоҷикистон
Рӯйхати касбу корҳое, ки дар ҳудуди русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ мамнуъ шудаанд
Лентаи хабарҳо
0