Пас аз консерт дар Лондон, гурӯҳи мардони ҳунар бо се таронаи ҷадид ва дигар сурудҳои дӯстдоштаи пешин ба Маскав омаданд.
Консерт аз ҷониби созмони ҷамъиятии "Нур" баргузор шуд.
Нобовар Чиноров: дар ситоиши Худо расонотарин забон форсии тоҷикӣ аст
Барои гӯш кардани сурудҳои гурӯҳи "Шамс" тоҷикони Максав ва ҷойҳои дур ҳамроҳи ёру дӯстон пайвандон ва аҳли хонаводаашон омада буданд.
Гурӯҳи "Шамс" чаҳор даҳсола пеш аз ин ташкил шуд. Оғози ҳунарнамоии он ба соли 1974 рост меояд, замоне, ки Далер Назаров, Иқбол Завқибеков ва Тоҳир Паллаев сурудҳои "Агар он турки шерозӣ", "Сӯзи маро" ва дигарро эҷод ва пешкаши мухлисон карда буданд.
Ва инак даҳсолаҳост, ки номи гурӯҳи "Шамс" вирди забони хурду бузург дар Тоҷикистону берун аз он аст ва ситораи шуҳраташон ҳамоно фурӯзон.
Чун кӯдак бе кин: Нобовар Чаноров гуфт, чӣ гурӯҳи "Шамс"-ро даҳсолаҳо якҷо нигоҳ дошт
Консерти гурӯҳи "Шамс" дар толори "Вдохновение" дар Маскав наздики се соат давом кард.
Нобовар Чаноров сурудҳои "Мастӣ нозам", "Салому садсалом","Ба гирди ёр мегардам", "Дам ҳама дам Алӣ Алӣ", "Дил меравад ҷаҳон меравад", "Ко мате аз мирум би та", (Нарав кӣ бе ту мемирам), "Моҷон азта та ширчой наринесум", (Модарҷон ман ширчоятро фаромӯш намекунам), "Духтари тоҷик" ва дигар сурудҳоро тақдими мухлисон кард.