ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Интихоботи пеш аз муҳлати барои курсии президентӣ дар Қазоқистон 9 июн баргузор мегардад, гуфтааст роҳбари тозатаъини кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев.
“Ман бо Нурсултон Назарбоев машварат кардам. Қарор дар бораи баргузории интихоботи пеш аз муҳлатӣ Президенти кишвар як кори муҳим ва асос аст. Ман дар бораи гузаронидани интихобот рӯзи 9 июни соли ҷорӣ қарор қабул кардам”, - гуфтааст Тоқаев ҳангоми баромадаш дар шабакаҳои телевизионии Қазоқистон.
Тоқаев қайд кардааст, ки ҳоло Қазоқистон лаҳзаҳои таърихиро тай карда истодааст. Ӯ қайд кардааст, ки “сиёсати чӣ дохила ва чӣ хориҷаи кишвар бояд пойбарҷо бошад”.
“Барномаҳое, ки Нурсултон Назарбоев пешниҳод кардааст мо бояд сари вақт иҷро кунем. Қазоқистон кишвари демократӣ аст ва президент аз ҷониби халқ интихоб карда мешавад. ман ҳамчун роҳбари кишвар ба гузаронидани интихоботи шафоф кафолат медиҳам”, - қайд кардааст Тоқаев.
Ёдовар мешавем, ки муддати 30 сол Қазоқистонро Нурсултон Назарбоев роҳбарӣ мекард ва чанде пеш ба таври ногаҳонӣ бо хоҳиши худаш курсии президентиро тарк кард.
Дар натиҷа бо пешниҳоди Назарбоев Тоқаев роҳбари Қазоқистон дониста шуд.