Тоҷикистону Қазоқистон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратро баррасӣ хоҳанд кард

© Государственный комитет по инвестициям РТ15-ое заседание межправкомиссии Таджикистана и Казахстана в городо Нурсултан
15-ое заседание межправкомиссии Таджикистана и Казахстана в городо Нурсултан  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Нурсултон собиқ Остона ҷаласаи 15-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Дар ин росто имрӯз дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Нурсултон ҷаласаи навбатии кории Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон доир ба ҳамкории иқтисодию тичоратӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд.

Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба Нурсултон меравем: Остона расман Нурсултон шуд

Ҷаласаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва аз ҷониби Қазоқистон Асет Магауов,муовини Вазири кишоварзии Қазоқистон роҳбарӣ мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳифзи муҳити зист, рушди минтақаҳо, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, илм, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, варзиш, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва нақлиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъулини Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷониби Тоҷикистон Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мебошад ва ӯ санаи 9 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи 15-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон  таҳти ҳамраисии ӯ баргузор карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0