Садамаи маргбор бо иштироки Мирзоев ва 3 кӯдакаш

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори мошини "Форланд" бо худрави ҳомили падар ва се кӯдакаш дар шаҳри Бохтар хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 6-уми апрели соли 2019, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Бохтар рух додааст.

Зонт с надписью Я люблю дождь - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад

Манбаъ афзуд, Бахтиёр Мираҳмедов, ронандаи 26-солаи автомашинаи “Форланд”, ҳангоми ҳаракат ба тарафи ноҳияи Вахш ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело”, таҳти идораи Мирзоев Сайназар Ҷурахонович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Кушониён бархӯрдааст. 

“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело” Мирзоев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили он фарзандони ноболиғаш - Мирзоев Саидҷон, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 6, Мирзоева Моҳшариф, соли таваллудаш 2007, хонандаи синфи 5, Мирзоев Саидҷафар, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 2-юм, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд”, - иттилоъ дод ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0