Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Таҳлили дигари дастгоҳи Президент: лағви 700 қарори раисон ва супориши 1 ба прокурорҳо

© © Sputnik / Амир ИсаевДворец нации в Душанбе, архивное фото
Дворец нации в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон қонуншиканӣ дар бахши заминро мояи нигаронӣ хонда, таъкид намуд, ки танҳо соли 2018 ҳудуди 700 қарори раисони шаҳру навоҳӣ бекор карда шуданд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳур дар ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон гуфт, таҳлил нишон медиҳад, ки қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин тамоюли афзоиш дошта, соли 2018 тақрибан 700 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо эътирози прокурорӣ бекор карда шуданд.

Город Вахдат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси зидди фасод раиси ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдатро дастгир кардааст

Озода Раҳмон зикр намуд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Додситонии кулли кишвар Раёсати алоҳида бо 50 воҳиди корӣ барои назорати қонунгузории замин таъсис дода шуд. Дар феҳрасти дастуроте, ки дастгоҳи раисиҷумҳур ба мақомоти додситонӣ ироа кард, назорати қонунгузории замин дар радаи аввал қарор дорад.

Дар ҳоле, ки мақомот аз бекорсозии қарорҳо ва ба ҳолати аввала баргардондани заминҳо гузориш медиҳанд, роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳур зарур хонд, ки корҳои пешгирикунанда низ дар соҳаи истифодаи замин пурзӯр карда шаванд.

Бар асоси фармони раисиҷумҳур, раёсати ҷадиди назорати қонунгузории замин аз аввали соли равон фаъол шуда, ба сафи прокурорҳо дар кишвар 50 нафари дигар зам гардид.

Рисовые поля в Таджикистане, скалы над ними - в Кыргызстане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои 3,5 ҳазор масъул: 1 раиси ҷамоат дар 3 моҳ 50 қитъаи замин фурӯхтааст

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аввали соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, соли 2018 дар самти иҷрои қонунгузории замин 434 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа 5955 санади таъсиррасонии прокурорӣ бароварда шуд.

“Дар асоси баррасии онҳо 3451 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 1085 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 22928 гектар қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуданд”, - иттилоъ дода буд Додситонии кулли Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0