ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Барои иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ҷиҳати кабудизоркунӣ ва шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан дар гирду атрофи биноҳои маъмурӣ ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт маъракаи ниҳолшинонӣ гузарониданд.
Дар ин бора равобити умумии ВКД хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, сардорони Шуъбаҳои ВКД дар минтақаи мазкур ва ҳайати шахсии Раёсат ширкат кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо дар ҳудуди Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт беш аз 1000 адад ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили себу нок ва дигар ниҳолҳои сояафкан шинониданд.
Манбаъ афзуда, ки ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт маъракаи ниҳолшинониро иқдоми неку созанда арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди боғу кабудизоркунии муҳити зист ва ободу зебо намудани гирду атрофи биноҳои маъмурӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.