Шинои микроавтобусҳо дар об: навори сел дар Душанбе

Обуна шудан
Чанде аз роҳҳои Душанбе аз ҳисоби ҷамъ шудани оби зиёд ҳатто барои автомобил ва микроавтобусҳо мушкилгузар шудаанд

Барони шадид ва пай дар пайи 5 апрел дар пойтахти Тоҷикистон низ барои сокинон мушкилӣ эҷод кард. Корбарони интернет аз сели омада дар Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор гузоштаанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Сел дар Душанбе 😱 Аллох ниго бдора ай ихел офато)

Публикация от ГАП НЕСТ 🔝 ВИДЕО (@gap.nest)

Ба гуфтаи сокинон, об бештар роҳҳоро зер карда, дар пули назди фурудгоҳи Душанбе ҳавзи об ташкил шудааст, ки дар натиҷа барои гузаштани нақлиёт монеа эҷод кардааст.

Пайомадҳои борони шадид дертар бартараф шуданд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Мошин бади ай даруни сел гирифтан 😰

Публикация от ГАП НЕСТ 🔝 ВИДЕО (@gap.nest)

Ба дунболи харобкориҳои сел дар Эрону Афғонистон навбат ба Тоҷикистон расид, гуориш дода буд, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

Бар асари  боронҳои шадид дар як қатор манотиқи кишвар омадани сел ба қайд гирифта шуд. 

Чунончӣ, сели ҷоришуда дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Ховалинг, Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияҳои Масчо, Спитамен, шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷекати вилояти Суғд, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Ҳисор ба як қатор заминҳои кишт, роҳҳои мошингард, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд. Дар роҳи мошингарди Ванҷ – Душанбе резиши санг дар қитъаҳои гуногун ҳаракати мошинҳоро боздошт. Дар айни замон роҳҳо куллан бозанд.

Лентаи хабарҳо
0