Гусели аввалин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо иштироки Аҳмадзода дар Суғд

© Sputnik / Виталий АньковПризыв, архивное фото
Призыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маросими гусели наваскарон 3 ҳазор нафар, аз ҷумла раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок доштанд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, рӯзи 5 апрели соли равон аввалин гуруҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Ба муносибати гусели наваскарон дар Қасри варзиши маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва беш аз се ҳазор нафар ҷавонон, афсарону сарбозон, кормандони комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, волидони даъватшавандагон ва фаъолони вилоят чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

"Барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандорӣ - муҳофизати марзу буми Ватанро дарк мекунанд", - таъкид дошт Аҳмадзода.

Азиз Одиназода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Одиназода ба табибон: ба аскарӣ танҳо ҷавонони солим ҷалб шаванд

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонони сарбаланд чун ворисони аҷдоди соҳибтаъриху соҳибтамаддуни худ баҳри ободии кишвар, таъмини оромиву суботи мамлакат ва пешрафти Тоҷикистони азиз  ҷаҳду талош варзида, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ба шоистагӣ иҷро менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои нахустини даъват ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи пешбинишударо пурра иҷро намуд ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо даъвати ҷавонон идома дорад.

Сипас, маъракаи мардумии "Нонгазон" доир шуд ва даъватшавандагон бо хушнудӣ ин анъанаи суннатиро иҷро намуданд.

Барномаи ҷолиби консертии фарҳангиёни вилоят ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.

Барои даъватшавандагон ва волидони онҳо дастурхони идона ороста шуд ва даъватшавандагон пас аз тановули хӯрок озими қисмҳои низомӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0