Боздошти зани 20-сола ба гумони дуздии “Самсунг С-9”

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини милиса як зани 20-соларо бо иттиҳоми ғоратгарӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздошт кардаанд.

ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани 20-сола хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 31-солаи сокини деҳаи Зархези ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.

Последствия пожара на рынке «Панджшанбе» - Sputnik Тоҷикистон
Ғоратгарӣ дар бозори "Панҷшанбе"

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 3-юми апрели соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили бинои НФС ҶДММ “Баҳороил”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Балх 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг С-9”-ро дуздида ғайб задаанд.

Манбаъ арзиши телефонро 5000-сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 20-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони дуздӣ дастгир шуд",-омадааст дар хабарнома.

Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0