Рақси хирс ба навор афтод

Обуна шудан
Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он хирсе зери навои марғубе рақс мекунад.

Навор аз ҷое шурӯъ мешавад, ки хирс дар назди дорҳо истода ва якбора ҷуфт мепарад.

Аз навор дида мешавад, ки хирс зери наво сар меҷунбонаду по мекӯбад.

Ҳамаи ин покӯбӣ зери навои марғуб сурат мегирад ва чунн менамояд, ки хирс дар воқеъ рақс мекунад.

Навори рақси хирсро дурбинҳои боғи ҳайвоноти шаҳри Тянсзини Чин ба навор гирифта шудааст.

Коргарони ин боғ гуфтаанд, ки дар воқеъ ин хирс рақс карданро хеле дӯст медорад, вале дар ин навор ӯро махсус бо ёри мантаж тез кардаанд.

Пештар дар интернет наворе паҳн шуд, ки дар он гурба ашкҳои духтарчаеро пок мекунад.

 

Лентаи хабарҳо
0