Чаро Владимир Путин раисҷумҳури нави Қазоқистонро пешвоз нагирифт?

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкПрилет президента Казахстана К.-Ж. Токаева
Прилет президента Казахстана  К.-Ж. Токаева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни сафари нахустини раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба Русия, президенти ин кишвар Владимир Путин ӯро пешвоз нагирифт, ки баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони интернет барангехт.

ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Раҳбари Вазорати рушди иҷтимоӣ Даврон Абаев ин масъаларо тавзеҳ дод. 

Чуноне Sputnik Қазоқистон бо такя ба мусоҳабаи вазир Абаев дар барномаи "Открытый диалог"-и шабакаи "Хабар" менависад,  Абаев гуфтааст, ки ин масъала боиси баҳси оммавӣ нест.

"Ин овозаҳо дар ҳоле сар заданд, ки бархе аз расонаҳо миёни пешвозгирандагон ҳузур доштани муовини вазири умури хориҷаи Русия-Александр Панкин фаромӯш карданд",-қайд кард вазир.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки сафарҳои кишвардорон ба давлатӣ, расмӣ, корӣ ва ғайрирасмӣ ҷудо мешаванд. Ва ҳар яки онҳо расми пешвозгирии худро дорад, ки бояд риоя шавад.

"Дирӯз сафари расмӣ буд, ки зимни он президентро бояд сафирон ва раҳбарони протоколӣ пешвоз гиранд. Вале ҳатто дар ин сурат ҳам ҷониби Русия барои истиқбол гирифтани Тоқаев, муовини вазири умури хориҷаашро равон кард. Ин аз эҳтироми хосса нисбати меҳмон шаҳодат медиҳад,-гуфт Абаев. Раҳбарон танҳо ҳангоми сафарҳои давлатӣ ҳамтоёнашонро пешвоз мегиранд".

Дар баробари ин вазир қайд кард, ки сафари нахустини Тоқаев ба ҳайси президент барояш бисёр бобарор буд.

"Дидори кишвардорони мо чӣ дар шакли васеъ ва чӣ дуҷониба дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт",-таъкид кард вазири рушди иҷтимоӣ.

Қосим Ҷомарт Тоқаев рӯзҳои 3-4 апрел барои бори аввал ба ҳайси раисҷумҳур ба Русия сафар кард.

Лентаи хабарҳо
0