Пас аз моҷарои марзӣ: Азим Иброҳиму Ҷенеш Разоқов сари миз мешинанд - баҳсҳои сарҳадӣ

© пресс-служба ГПС КРПограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси байниҳукуматии комиссияи аломатгузории марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 5-6 апрел дар Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Қирғизистон ва Тоҷикистон 5-6 апрел дар Душанбе маҷлиси байниҳукуматии аломатгузории марзи давлатии ду кишварро баргузор мекунанд. Дар ин бора РИА Новости дар истинод ба Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Дар маҷлиси навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи муайян ва аломатгузории марзи давлатӣ масоили минтақаҳои баҳснок баррасӣ мешавад", - гуфтааст ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Ба гуфтаи вай, ҳайъати Тоҷикистонро дар гуфтушунидҳо муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва ҳамтои қирғизаш Ҷенеш Разоқов роҳбарӣ мекунанд.

Тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш аломатгузорӣ шудааст. Қисме аз ҳудудҳои сарҳадӣ то ҳол муайян нашудаанд, ки боиси танишҳои марзӣ мешаванд.

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсии Оқсой - Тамдиқро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

Лентаи хабарҳо
0