Шукурҷон Зуҳуров бори аввал ба Қатар сафар мекунад: муҳоҷират баррасӣ мешавад?

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПервое совещание спикеров парламентов стран Евразии
Первое совещание спикеров парламентов стран Евразии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари мазкур бо даъвати Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва Раиси парлумони Давлати Қатар аз таърихи 5 то 10 апрели соли ҷорӣ амали мегардад.

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайъати парлумонӣ ба Қатар сафар мекунад, ин аввалин сафари Зуҳуров ба Қатар аст.

Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар медиҳад, сафари мазкур бо даъвати Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва Раиси парлумони Давлати Қатар аз таърихи 5 то 10 апрели соли ҷорӣ амали мегардад.

"Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаҳои 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ иштирок намуда, дар назди ҳозирин суханрони намояд ва бо намояндагони воломақоми Ҳукумати ин кишвар дидору мулоқотҳо анҷом диҳад", - таъкид мекунад манбаъ.

Столица государства Катар - Доха, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатар ба КҲФ Тоҷикистон барои харидории таҷҳизоту омузиши мутахассисон кумак хоҳад кард

Аввалин сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати расмии Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва Раиси парлумони Давлати Қатар анҷом дода мешавад.

Ёдрас мешавем, пештар дар бораи ба имзо расидани созишномае дар мавриди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи муҳоҷират хабар дода шуд.

Созишномаи ҳукуматҳо дар мавриди танзими қувваи корӣ аз Тоҷикистон дар давлати Қатар 3 феврал аз ҷониби Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру, вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Қатар ва ҳамтои тоҷикаш Сумангул Тағойзода имзо гардид.

Тибқи муқаррароти Созишнома муҳоҷирони Тоҷикистон дар Қатар, бар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, тибқи қонуни давлати мизбон фаъолият хоҳанд кард.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки созишномаи мазкур баъди расмиёти дохилидавлатии тарафҳо мавриди амал қарор мегирад.

Пассажирский самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози парвозҳо аз Душанбе ба Қатар дар ояндаи наздик

Манбаъ таъкид кард, ки ҷалби коргарон тавассути муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони кишвари мизбон ба роҳ монда мешавад.

Сумангул Тағойзода бо мақомдорони Қатар таҳкими  ҳамкории минбаъда дар бахши шуғли аҳолӣ, таҳсилоти касбӣ ва таълими калонсолон баррасӣ кардааст.

Имзои созишнома дар ҳолест, ки ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон барои кор дар хориҷ, асосан Русия ва Қазоқистон қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0