Пирӯзии "Истиқлол" бар "Хуҷанд" дар Ҷоми КФО-2019

Обуна шудан
Дар даҳаи қисми дуюми дидор ҳамлавари арманистонии "Истиқлол" Руслан Корян ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 68-ум Алишер Ҷалилов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисоби бозиро 2:0 намуд

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи "D" байни дастаҳои  футболи  "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд баргузор шуд.

Тавре мухбири АМИТ "Ховар" хабар додааст, дар ин вохӯрии ҷолиб  дастаи  футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 бар дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд  ғолиб омад.

Бояд зикр кард, ки  дар даҳаи қисми дуюми дидор ҳамлавари арманистонии «Истиқлол» Руслан Корян ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 68-ум Алишер Ҷалилов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисоби бозиро 2:0 намуда, «Истиқлол» — ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 72-юм боз Руслан Корян голи дуюми худ ва голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонида, ба бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошт.

Защитник таджикского футбольного клуба Истиклол и сборной Таджикистана  Сиёвуш Асроров   - Sputnik Тоҷикистон
Баргузории мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми олии “Тоҷикистон -2019” дар Душанбе

Ҳамин тариқ "Истиқлол" дар бозии аввали гурӯҳи "D"-и марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.  Хотиррасон мекунем, ки аввалин бор дар таърихи хеш ду дастаи Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо ҳам вомехӯранд.

Дастаи  футболи  "Истиқлол"-и Душанбе  бозии даври дуюми гурӯҳи "D" — ро 17 апрел бо дастаи футболи  "Алтин Асир" -и  Туркманистон баргузор мекунад. Дастаи  футболи "Хуҷанд" дар ҳамин рӯз дар хонааш дастаи  "Дордой" -и Қирғизистонро қабул мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бозии дигари гурӯҳи мазкур миёни дастаҳои футболи «Дордой»-и Қирғизистон  ва "Алтин Асир"-и  Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.  Феълан дастаи футболи  "Истиқлол" бо касби 3 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи "D" ба ҳисоб меравад. Дастаҳои  футболи "Дордой" ва "Алтин Асир" бо дарёфти якимтиёзӣ дар зинаҳои 2-юм ва сеюм қарор доранд.

Дастаи футболи  "Хуҷанд"  дар зинаи 4-ум мавқеъ касб кардааст.

Лентаи хабарҳо
0