ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Конор Макгрегор, варзишкори ирландии ҳангомапараст, ҳамагӣ пас аз 9 рӯзи тарки муҳорибаҳои омехта, эълом кард, ки бармегардад.
Ӯ дар бораи бозгашташ ба ММА дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
I want to move forward, with my fans of all faiths and all backgrounds.
— Conor McGregor (@TheNotoriousMMA) 4 апреля 2019 г.
All faiths challenge us to be our best selves.
It is one world and one for all ❤️
Now see you in the Octagon.
Конор гуфтааст, ки аз мухлисонаш ҷудо шудан намехоҳад.
"Тамоми динҳо даъват мекунанд, ки дар зоти худ беҳтарин бошем. Мо як ҷаҳон дорем, ки барои ҳама аст. Дар октагон вомехӯрем", - навиштааст варзишкор.
Конор Макгрегор 14 июли 1988 дар шаҳри Дублини Ирландия таваллуд шудааст. Варзишкор дар вазни нимвазнин ва сабук қаҳрамони UFC шудааст.
Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишкори Русия, ки доим байни ҳарду ҷанги лафзӣ меравад, пас аз изҳороти Конор гуфта буд, ки ӯ марди ҷиддӣ несту баъди чанде аз гуфта пушаймон, эълон мекунад, ки ба майдон бармегардад.