Нашри китоби вакилон – Маҷидзода, Холиқзода ва Одиназода дар бораи амният

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан, архивное фото
Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нашриёти “Маориф” китоби “Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ”- ро, ки аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон навишта шудааст, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Китоби “Ҷавонон ва амнияти  иттилоотӣ” – ро доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода ва номзади илмҳои ҳуқуқ, адабиётшинос Рамазон Одиназода навиштаанд, хабар додааст “Ховар”.

Педагогический университет им Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нашри маҷмӯаи “Устод Лоиқ ва забони миллӣ”

“Китоби мазкур ба таърихи ташаккул ва рушди амнияти иттилоотӣ бахшида шуда, дар он асосҳои назариявӣ ва амалии мубориза бар зидди  ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавии илм ва технологияи иттилоотӣ таҳлил шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, мавзӯи баррасишавандаи китоб бо истифода аз афкори пешқадами мутафакирони пешин, вазъияти воқеии фазои иттилоотии ҷаҳон, мавзӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ  ва ватанӣ, таҷрибаи амалии кормандони воҳидҳои фаврии мақомоти корҳои дохилӣ ба таври фаҳмо баён гардидааст.

Китоби мазкур барои ҳуқуқшиносон, кормандони фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, курсантону шунавандагони муассисаҳои олии таълимӣ ва миёнаи махсуси мақомоти қудратӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки нисбат ба фазои иттилоотии кишвар бетараф нестанд, манзур мегардад, таъкид намудааст “Ховар”.

Лентаи хабарҳо
0