ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Хасавов бо нашри як навор изҳор дошт, ки имрӯз амалан таҳқиқи додгоҳии парвандаи Георгий Кузнетсов, нозири минтақавии муттаҳам дар хунукназарӣ анҷом ёфт. Кузнетсов дар он муттаҳам мешавад, ки ба шикояти қаблии сокинон нисбати Александр Сёмин, муттаҳам дар қатли Ҳувайдои 5-сола хунукназарӣ кардааст.
Ба гуфтаи Хасавов дар мурофиаи додгоҳӣ Кузнетсов изҳор доштааст, ки таркиби ҷиноиро пайдо накардааст, аммо чӣ будани таркиби ҷиноиро шарҳ дода натавонистааст. Ӯ дар мавриди қазияи Ҳувайдо изҳор доштааст, ки “ҳамдардам, аммо худро гунаҳкор намедонам”.
Ба гуфтаи вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо, мурофиаи навбатӣ 17 апрел таъин шуда, дар он баромади айбдоркунанда ва сухани ниҳоии нозири минтақавии муттаҳам дар назар аст. Ӯ афзуд, ки эҳтимол ҳукми додгоҳ низ 17 апрел содир гардад.
Дар мавриди Александр Сёмин, муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5-сола, Дагир Хасавов изҳор дошт, ки ӯ феълан худро ба девонагӣ зада, дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ қарор дорад.
Вакил афзуд, ки дар назар аст, ки муҳлати ҳабси пешакии Сёмин, ки 27 апрел анҷом меёбад, тамдид карда шавад. Хасавов таъкид кард, ки Сёмин барои аъмолаш посух хоҳад дод ва барои барқарории адолат дар ин қазия талош хоҳанд кард.
“Баъди анҷоми мурофиаи нозири минтақавӣ ба Сёмин машғул мешавем ва инчунин муҷозоти бархеи дигарро ба миён хоҳем гузошт. Аллакай бисёре аз кормандони пулис аз мақомҳояшон барканор шуданд”, - изҳор дошт Хасавов.
Таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5-сола дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав 22 июли соли 2018 иттифоқ афтод ва ҷасади ӯро 23-юм пайдо карданд. Худи ҳамон рӯз ҷавони 28-солаи сокини Серпухов, Александр Сёминро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса боздошт намуданд.