Чакану атлас ва сӯзаниву адрас ҳокими арабро мафтун кард

Обуна шудан
Ҳокими аморати Шориқа (АМА) дар Фестивали мероси фарҳангии Шориқа ба гӯшаи Тоҷикистон баҳои баланд дод

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Шоми 2 апрели соли 2019 дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб Фестивали мероси фарҳангии Шориқа бо тантана ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Рамазон Раҳимзода бо шоҳзодаи араб мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳзодаи араб ба Раҳимзода гуфт, ки якҷо бо кадом ҷиноятҳо мубориза хоҳанд бурд

Дар Фестивали мазкур Тоҷикистонро ҳайати санъаткорону ҳунармандон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода намояндагӣ мекунанд.

Дар гӯшаи ҳунармандии Тоҷикистон осори ҳунари кордсозӣ, заргариву сангтарошӣ, сӯзанидӯзӣ, наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, инчунин намунаи либосҳои миллии атлас, адрас, чакан ва тамсилаҳои муди замонавии либосҳо ба намоиш гузошта шудаанд.

Баъди ифтитоҳи расмии Фестивал Ҳокими аморати Шориқа доктор Султон бин Муҳаммад ал-Қосимӣ аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда, ба ҳунари волои халқи тоҷик ва мероси ғании фарҳангии мо баҳои баланд дод.

Рақсу мусиқӣ ва суруди миллии тоҷикро ҳунарпешагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, Ансамбли рақсии "Ҷаҳоноро" ва Оркестри эстрадии "Гулшан" муаррифӣ мекунанд.

Боиси зикр аст, ки фестивали мазкур то 21 апрели соли равон идома ёфта, дар он осори ҳунарҳои мардумӣ ва санъати рақсу мусиқии кишварҳои гуногун ба маъраз гузошта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0