ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар писарбачаи 17-сола дастгир шуд, ки дар рабудани мошини “Фолксваген-Туарег” айбдор мешавад.
Манбаъ қайд намудааст, ки ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми апрели соли равон, тахминан соати 22:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Фолксваген-Туарег”-ро, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ронда ба самти номаълум бурданд.
Кормандони милитсияи пойтахт, зимни гузаронидани амалиёти махсус писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 11-уми МТМУ-ро дастгир намуданд.
Ноболиғ дар ғайриқонунӣ ронда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф айбдор мешавад.
Дар ҳоли ҳозир нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.