Коргари ломбарди бозори "Корвон" барои аз худ кардани заргариҳои шаҳрвандон дастгир шуд

CC0 / Pixabfy / Бижутерия, архивное фото
Бижутерия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия пойтахт собиқ менеджери қарзӣ дар ҶДММ “Пешсаф”-ро дастгир намуданд, ки дар даврони кораш маснуоти заргарии гаравмондаи шаҳрвандонро тасарруф намудааст.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи пойтахт марди 24-солаи сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки азонихудкунӣ ё исрофкорӣ айбдор мешавад. 

ВКД Тоҷикистон Бекназаров Фаридун сокини ноҳияи Рӯдакиро барои силсиладуздиҳо боздошт намуд - Sputnik Тоҷикистон
"Дузди чолок": Фаридун дар пойтахт манзилҳои "боҳашамат"-ро ғорат мекард (АКС)

Дафтари матбуоти Вазорат таъкид намудааст, ки номбурда дар асоси шартномаи меҳнатӣ аз соли 2013 ҳамчун менеджери қарзӣ дар ҶДММ “Пешсаф”, воқеъ дар назди бозори “Корвон”, то моҳи июни соли 2018 кор мекард.

“Дар давоми фаъолияти кориаш аз гаравхонаи (ломбард) ҷамъияти мазкур маснуотҳои заргарии гаравмондашудаи шаҳрвандонро дар ҳаҷми 82 ҳазору 643-сомонӣ, ки дар ихтиёраш қарор дошт, тасарруф намудааст”, - қайд намудааст манбаъ.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир нисбати номбурда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 245 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0