Протокол ва қарори ташкили корхонаҳои муштарак: натиҷаҳои гуфтушуниди Расулзода бо Орипов

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев награждает Кохиру Расулзода
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев награждает Кохиру Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо дар натиҷаи гуфтушунид қарор доданд, ки табодули маҳсулотро афзоиш диҳанд, корхонаҳои муштарак ташкил кунанд ва корҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетикиро густариш диҳанд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Имрӯз, 3 апрел дар шаҳри Тирмизи Узбакистон ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуд.  Ҳайъати Тоҷикистонро дар ҷаласа сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва ҷониби Узбакистонро ҳамтояш Абдулло Орипов роҳбарӣ мекарданд.

Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Маскав меравад

Ҳайъатҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба, иҷрои супоришҳои роҳбарони ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Расулзода ва Орипов таъкид бар он доштанд, ки ҳамкории кишварҳои дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, фарҳангию гуманитарӣ, кишоварзӣ ва об ва сайёҳӣ бояд вусъат дод.

"Созиши мутақобила оид ба андешидани чораҳои мувофиқашудаи минбаъда ҷиҳати таъмини афзоиши ҳаҷми табодули маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли молҳои саноати сабук ва дар самти агросаноатӣ, инчунин идома ва густариши корҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетикӣ ҳосил шуд", - менависад "Ховар".

Тарафҳо ҷонибдории хешро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар, инчунин вусъат додани робитаҳо байни доираҳои илмиву фарҳангӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор намуданд.

Дар фарҷоми нишаст Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0