Ҷаласаи Шӯрои “Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад

© © Sputnik / Владимир ВяткинСтуденты Политехнического института
Студенты Политехнического института - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо  донишҷӯёни тоҷике, ки  дар хориҷ аз  кишвар таҳсил доранд, онлайн (мустақим) суҳбат намуда, мушкилот ва дастовардҳои  донишҷӯёни тоҷикро дар давлатҳои хориҷӣ баррасӣ менамоянд

 ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Санаи 5 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои “Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Маршрутное такси в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узри дермонӣ аз дарс: 3 донишҷӯ дар нақлиёти Душанбе занро наҷот доданд

Манбаъ афзудааст, ки  ҷаласаи Шӯрои мазкур  тариқи онлайн баргузор шуда, дар он аъзои Шӯро аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, маркази робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм иштирок менамоянд. 

Онҳо  бо донишҷӯёни тоҷике, ки  дар хориҷ аз  кишвар таҳсил доранд, онлайн (мустақим) суҳбат намуда, мушкилот ва дастовардҳои  донишҷӯёни тоҷикро дар давлатҳои хориҷӣ баррасӣ менамоянд.

Маҳфили  “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соли 2014 таъсис ёфтааст.  Ҳоло  маҳфили мазкур дар 15 давлати дунё  намояндагии худро таъсис додааст.

Шумораи аъзои маҳфиле, ки дар хориҷ аз  кишвар таҳсил доранд, беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Онҳо пайваста дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ барномаҳои гуногун доир менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0