ВУД Тоҷикистон “Ҷинҷак”-ро барои ғоратгариву одамрабоӣ дастгир кард

Обуна шудан
Кормандони милитсияи Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Аҳрорзода Ёқуб (Ғафуров Ёқуб Аҳрорович) бо лақаби “Ҷинҷак”-ро дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Аҳрорзода Ёқуб (Ғафуров Ёқуб Аҳрорович) бо лақаби “Ҷинҷак”, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат бо гумони роҳзанӣ ва ғасби гаравгон дастгир намуданд.

Девушка в подавленном состоянии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Одамрабоӣ дар Душанбе: ҷавон духтари 22-соларо куҷо бурд

Тибқи иттилои манбаъ Аҳрорзода Ёқуб дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои солҳои пеш, гумонбар дониста мешавад.

ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки  номбурда, бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни гурӯҳаш, шаҳрванд Абоев Ҷамшед Исломович, соли таваллудаш 1983, бо лақаби “Иван”, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва дигарон моҳи августи соли 1999, дар маҳаллаи Яккатоли ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз шаҳрванд Юсуфов Шералӣ Азизович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Ваҳдат, автомашинаи шахсиаш тамғаи “МАРК-2”, ки арзишаш 16 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки Аҳрорзода Ёқуб бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни гурӯҳаш, моҳи августи соли 1999, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Наҷмиддинов Абдусалом Холович, соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Дӯстии шаҳри Ваҳдат ворид шуда, бо таҳдиди силоҳ аз манзили истиқоматии номбурда, 2-адад видеомагнитофон, 1-адад дастгоҳи мусиқӣ, 8-сар чорвои калони шохдор ва дигар лавозимоти рӯзгорро ҷамъ ба маблағи ҳазор доллари амрикоӣ тасарруф намуда, соҳибхона Наҷмиддинов А.Х. ва бародараш Наҷмиддинов Шодӣ Холович, ғайриқонунӣ ба деҳаи Ваҳдатобод бурда, дар манзили истиқоматии худи Аҳрорзода Ё. муддати 3-шабонарӯз ба сифати гаравгон нигоҳ доштанд.

Бародаронро пас аз талаб карда гирифтани 1-адад автомашинаи тамғаи “Камаз” озод кардаанд.

Марзбонони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷилавгирии КДАМ-и Тоҷикистон аз ҳодисаи одамрабоӣ

Инчунин манбаъ афзудааст, ки ҳамчунин Аҳрорзода Ёқуб бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни гурӯҳаш, моҳи августи соли 1999, шаҳрванд Мисҳоқов Раҷабалӣ Абдуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Ваҳдатро бо таҳдиди силоҳ аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба автобазаи №2929, воқеъ дар деҳаи Яккатоли ҷамоати деҳоти Н.Розиқов оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани маблағи пулӣ ду ҳазор доллари амрикоӣ озод кардаанд.

Инчунин ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки бо ҳамин тариқ, Аҳрорзода Ёқуб бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни гурӯҳаш, моҳи августи соли 1999, шаҳрванд Ғафуров Сафед, сокини деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакиро бо таҳдиди силоҳ аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба ҷамоати деҳоти К.Исмоилов оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани маблағи пулӣ 11 ҳазор доллари амрикоӣ ӯро озод кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир нисбати Аҳрорзода Ёқуб парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 181 қисми 2 ва 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0