ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Рӯзи 1-уми апрел вохӯрии муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати таҳқиқоти ин Вазорат генерал Босим Карим Мусо баргузор гардидааст.
Дар ин бора равобти умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки генерал-майори милитсия Умарзода Икром меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кардааст, ки "бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир дар ҳамбастагию ҳамкорӣ ва дастаҷамъона мубориза бурдан натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳад овард".
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хавфнок мавриди баррасӣ қарор дода, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Ҳамчунин лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори боварӣ намуданд.