ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар бинои Академияи низомиву кайҳонии ба номи Можайскии шаҳри Санкт-Петербург инфиҷор рух дод, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.
Тавре гуфта мешавад, дар ҳудуди академия мина таркидааст.
В академии имени Можайского взрыв произошёл на пятом факультете. В результате обрушился лестничный пролёт, на третьем этаже сейчас заблокированы 15 человек. pic.twitter.com/Wv7Ww9EZao
— 78 | НОВОСТИ (@good78news) 2 апреля 2019 г.
Дар натиҷа чор тан маҷрӯҳ шудаанд.
Курсантон ва кормандони академияро ба ҷоийи бехавф кӯчониданд, дар ҷойи ҳодиса намояндагони ФСБ ва Кумитаи тафтишотии Русия кор мекунанд.
Академия ба Вазорати дифои Русия тааллуқ дорад. Муассисаи таълимӣ барои қӯшунҳои кайҳонӣ мутахассис омода мекунад.