Дар мусобиқаи Гран Прии Туркия 5 паҳлавони тоҷик ширкат хоҳанд кард

© Sputnik / Стас ЭтвешБорьба гуштингири, архивное фото
Борьба гуштингири, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин мусобиқот бо ҳузури 537 дзюдукор, аз ҷумла, 330 мард ва 207 зан аз 78 кишва баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Тими миллии дзюдои муштамил бар 5 нафари Тоҷикистон дар мусобиқоти Гран Прии Анталия-2019, ки рӯзҳои 5-7 апрел баргузор мешавад, ширкат мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Таджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи варзиши ба 42 варзишгари тоҷик унвонҳои “номзад ва устоди варзиш” тақдим кард

Манбаъ афзудааст, ки дар ин мусобиқот Ёқубҷон Боқиев ва Хайёмиддин Ҷабборов дар радаи вазни то 66 кило, Акмал Муродов дар вазни то 81 кило, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило таҳти сармураббигии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Ин мусобиқот бо ҳузури 537 дзюдукор, аз ҷумла, 330 мард ва 207 зан аз 78 кишва баргузор хоҳад шуд. Ғолибони мусобиқот ҳамзамон бо ҷоизаҳои нақдӣ имтиёзоти олимпикӣ касб хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён соли 2017 барандаи медали нуқра ва соли гузашта барандаи медали тиллои ин мусобиқот шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0