Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат барои таъсиси ниҳоди нави пешгӯикунанда дар Тоҷикистон

© Sputnik / Вероника Антонова-ТризноПодписание договора, архивное фото
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон барои таъсиси Шӯрои нав дар кишвар қарор кардааст, ки ба пешгӯии авзоъ дар бахши иқтисоду иҷтимоъ машғул хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Тибқи қарори мазкур, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи март имзо шуд, Шӯрои нав мақоми машваратӣ дорад.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Дархосту пешниҳодҳои Убайдуллоев ба Раҳмон: аз шарикии боэътимод то риояи қонун барои ҳама

Бар асоси қарор, Шӯрои ҷадид, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъсис меёбад, фаъолияти вазорату кумитаҳоро бо ҳукуматҳои маҳаллӣ зимни таҳияи нақша ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ҳамоҳанг мекунад.

Ҳукумат ба Шӯро салоҳият додааст, ки рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро баҳогузорӣ карда, дар суратҳои зарурат ба дурнамои рушд тағйирот пешниҳод намояд.

Шӯрои навтаъсис муваззаф гардидааст, равандҳои  иқтисоди миллӣ,  тамоюли илму техника, вазъи демографию экологӣ, вазъи ҷомеа, имконоти мавҷудаи кишвар, мавқеи сиёсию иқтисодии мамлакат ва шарикони тиҷорияшро ба назар гирифта, дурнамои вазъи иқтисодию иҷтимоиро таҳлил намояд.

Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Швейтсария - Sputnik Тоҷикистон
Сиёсату иқтисод: Тоҷикистону Швейтсария ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд

Таъсиси Шӯрои нави методӣ барои муайянсозии рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, бисёре аз нақша ва нишондодҳое, ки қаблан дар барномаҳои давлатӣ барои оянда зикр шуданд, амалӣ нагардиданд.

Аз ҷумла Тоҷикистон ҳамоно пойбанди молҳои хориҷӣ буда, ҳаҷми воридот аз содирот ба маротиб зиёд аст. Дар ҳоле ки бар асоси дурнамоҳои қаблии мақомоти давлатӣ дар назар буд, ҳаҷми содироту воридот ҳанӯз то соли 2015 бояд баробар мешуду пойбандии кишвар ба омилҳои берунӣ коҳиш дода мешуд.

Лентаи хабарҳо
0