ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар Instagram саҳифа боз кард. Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳур Берк Қурбонгулӣ дар саҳифааш дар Facebook хабар додааст.
Дар саҳифааш президент ёдоварӣ кардааст, ки чанде пеш дар бораи муҳим будани шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъол шудану дар мессенҷерҳо гурӯҳҳо ташкил кардану ба ин васила вазъро идора намудан, таъкид карда буд.
"Чуноне медонед, чанд сол мешавад, ки ман дар Twitter фаъол ҳастам ва доим фикрамро оид ба масоили муҳими давлатӣ иброз медорам. Акнун қарор додам, ки ин таҷрибаро дар саҳифаи маъруфи Instagram идома диҳам"-гуфт Тоқаев.
Сухангӯи раисҷумҳур таъкид кард, ки саҳифаи @tokayev_online ягона саҳифаи расмии президенти Қазоқистон мебошад ва дигар саҳифаҳо, ки аз номи сиёсатмадор боз шудаанд, дурӯғин мебошанд.
Даъват мекунам, ки ба ин саҳифа ҳамроҳ шавед, навиштааст сухангӯй.