ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Раисҷумҳур зимни ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Спитамен бо мардуми ин диёр дидору мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Зимни суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар ҳудуди ноҳия китобхонаи нав бунёду ба истифода дода шудааст, ки мақсад ҷалби ҳарчӣ бештари мардум ба китобхонӣ мебошад.
Чанде пеш бо Фармони президент озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид ва вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар шахсони масъул барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии муҳим вазифадор карда шуданд.
"Яке аз ҳадафҳои асосӣ аз эълон намудани озмуни мазкур ба мутоилаи китоб ҳарчи бештар ҷалб кардани мардум, махсусан, наврасон ва ҷавонону донишҷӯён мебошад",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ аз камтаваҷҷӯҳии ҷавонон ба китобхонӣ изҳори нигаронӣ кард.
"Баъди ба ҳаёти мардум васеъ ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ завқи ҷавонон ба китобу китобхонӣ торафт кам шуда истодааст. Албатта, наслҳои наврасу ҷавон бояд ҳамқадами пешрафти илму техника бошанд, вале дар баробари ин, фаромӯш накунанд, ки воситаҳои техникии имрӯза ҳеҷ гоҳ ҷойи китобро гирифта наметавонанд",-таъкид кард раисҷумҳур.
Раҳмон Эмомалӣ аз сокинони ноҳияи Спитамен, махсусан, устодону омӯзгорон, аҳли зиё ва падару модарон даъват кард, ки наврасону ҷавононро дар ҳамин рӯҳияи китобхонӣ ба камол расонанд, то ки онҳо дар оянда ин марзу бум ва тақдири давлату Ватанро чун наслҳои сазовори мову шумо соҳибӣ ва обод карда тавонанд.