ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Таня Мале-ҳунарпешаи бритонӣ, ки дар филми "Голдфингер" нақши арӯсшавандаи Ҷеймс Бондро иҷро кардааст, аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора дар торномаи расмии филмҳои Ҷеймс Бонд хабар дода мешавад.
"Мо аз даргузашти Таня Мале, ки дар филми "Голдфингер" нақши Тилли Мастерсонро офарида буд, бисёр ангӯҳгин шудем. Дар чунин лаҳзаҳои ғамгин, мо бо аҳли хонавода ва ёру дӯстонаш ҳамдардем",-омадааст дар таъзия.
Actress Tania Mallet, who played Jill Masterson’s vengeful sister, Tilly, in #JamesBond, Goldfinger, 1964, has passed away at the age of 77 according to The Irish Mirror. #BondGirl pic.twitter.com/HEnGUH74Xz
— Channing Thomson (@CHANNINGPOSTERS) 31 марта 2019 г.
Hollywood Reporter менависад, ки нақш дар филм дар бораи Чеймс Бонд барои Таня Мале ягона нақши бузургтарин дар олами синамо буд.
RIP Tania Mallet. Remains one of the most alluring and razor sharp presences in the Bond universe. #007 #JamesBond #Goldfinger pic.twitter.com/BIIeQYxR6G
— Giallo Soda Pop (@TreyHilburn) 31 марта 2019 г.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Мале фаъолияташро аз олами муд аз солҳои 50-уми асри гузашта оғоз карда буд.