ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Ёздаҳ марди боздоштшуда, ки аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медоданд, рӯзи шанбе раҳо шуданд, хабар додааст “Reuters” дар такя ба додситонии Олмон.
Намояндаи додситонии Олмон шарҳ додааст, ки боздоштшудаҳо аз 22 то 35 сол дошта, бо иттиҳоми тайёрӣ ба ҳамлаҳои мусаллаҳона боздошт гардиданд, аммо махфигоҳи силоҳ ё маводи тарканда зимни бозҷӯӣ ёфт нашудааст. Расонаҳои аврупоӣ дар рӯзи боздошт, муттаҳамонро аз ҷонибдорони созмони террористии “ДОИШ” муаррифӣ карда буданд.
Аммо намояндаи додситонӣ ба “Reuters” таъкид кардааст, ки бозҷӯӣ бепоя будани иттиҳоми муфаттишонро дар мавриди ҳамлаҳои мусаллаҳона нишон додааст ва боздоштшудаҳо озод гардиданд.
Манбаъ зикр кардааст, ки дар пайи ҳамлаи террористӣ ба масоҷид дар Зеландияи Нав, ки 50 кушта барҷой гузошт, тадобири амниятӣ дар Аврупо пурзӯр карда шуданд.