ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмонро дар назди иншооти навбунёд самимӣ ва ба таври хосса истиқбол кардаанду, дар як вақт зери навои мутантан матои Парчами давлатӣ ба майдон ворид ва аз ҷониби хонандагон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.
Иттилоъ дода мешавад, ки баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 50 метрро ташкил дода, тӯли матои рангинкамони он ба 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад.
"Сохтмони майдони Парчам аз тарафи коргарону мутахассисони Корхонаи мутаҳаррикии рақами 44 ба иҷро расонида шудаанд ва арзиши лоиҳавии он тақрибан як миллион сомониро ташкил медиҳад",-омадааст дар хабарнома.
Майдони Парчам 2 ҳазору 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Атрофи саҳни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулзор карда шуда, бо гузоштани 12 адад нишасткурсӣ ва чароғон намудани он имрӯз ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинон мубаддал гардидааст.
Субҳи рӯзи дуюми раисиҷумҳур дар Суғд аз кӯдакистон оғоз шуд
Баъди барафроштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулони дахлдорро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бунёди чунин иншоот то имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат гирифт.