КҲФ: 20 ҳолати тармарезӣ дар ВМКБ ва роҳи Душанбе-Чаноқ тайи як шабонарӯз

© дафтари матбуоти IRS Техникаи барфтозакунии IRS зери тарма монд
Техникаи барфтозакунии IRS зери тарма монд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор медиҳад, ки хатари резиши тарма ва санг то ҳол бузург аст

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik.Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 20 ҳодисаи лағжиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

"Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон бори дигар аз аҳолии кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат худдорӣ варзанд, ба маҳалҳое, ки хавфи лағзиши тарма таҳдид мекунад, куҳгардӣ накунанд, ба ғунучини алафу ҳезум нараванд. Хеле эҳтиёткор ва зираку баҳуш бошанд", - таъкид мекунад манбаъ.

Похолодание в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз боронҳои зиёд, сел, сангрезиш ва тарма дар рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон

Ба асари боришоти шадид дар қаламрави куҳии мамлакат хатари лағзиши тарма ва резиши санг ҳифз мешавад. Хатари бештар дар ин рӯзҳо дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Сангвор, Хоруғ – Ишкошим таҳдид мекунад. 

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошими ВМКБ, ноҳияи Сангвор ва роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ лағзиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмуъ дар кулли қаламрави Тоҷикистон зарфи шабонарзӯи гузашта 20 ҳодисаи лағзиши тарма ва резиши санг ба сабт шудааст. Хушбахтона, ин сангрезишу ин тармалағзишҳо талафоти ҷонӣ надоштанд. 

Дар деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор бар асари лағиши тарма 4 хоҷагии ёрирасон зери ғарами барф монд. Дар натиҷа талафоти чорвои калону хурди хонагӣ ба қайд гирфита шудааст. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият мебарад ва андозаи зарари расидаро муайян мекунад.  

Дар натиҷаи боришоти пуршиддати борон обшавии барфҳо ба мушоҳида расидааст, ки ин ҳодиса метавонад муҷиби ковоку нарм шудани хок  ва лағзиши он аз теппаҳо гардад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, махзанҳои об эҳтимол дорад. Бориши пайдарпайи борон хатари лағзиши тармаву сангро дар роҳҳои куҳӣ бештар кардааст.

Сход лавины на Пике Ленина - Sputnik Тоҷикистон
Тарма дар ноҳияи Сангвор: 6 хона вайрон, 20 сар чорво ҳаром ва боғҳо вайрон шуданд - навор

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон бори дигар аз аҳолии кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат худдорӣ варзанд, ба маҳалҳое, ки хавфи лағзиши тарма таҳдид мекунад, куҳгардӣ накунанд, ба ғунучини алафу ҳезум нараванд. Хеле эҳтиёткор ва зираку баҳуш бошанд.

Дар сурати рӯй додани ин ё он ҳодисаи фавқулода ва ҳодисаҳои нохӯш бо телефонҳои бахши навбатдории фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба кумак даъват кунанд:

93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11.

Лентаи хабарҳо
0