Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии "Баҳор" ба 50 кӯдаки ятими кулл тӯҳфа дод.
Дар шаҳри Хуҷанд бошад, Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро ба баҳрабардорӣ расонд. Сарвари давлат барои қадршиносию ҷовидон сохтани хотираи шоири маҳбуб ва муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ин қасрро ба номи ӯ гузошт.
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 10 хонаводаи камбизоат дар Хуҷанд манзили 2-3-ҳуҷрагӣ ҳадя кард. Бино ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, ин ҳадяҳо барои сокинон ғайриинтизор буд, онҳо аввал шигифтзада ва сипас аз президент миннатдор гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба шаҳри Хуҷанд бо кӯдакони ятим дидору мулоқот кард.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат»-и дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид карда, бо дастовардҳои коргарон токзори нав ва боғи суперинтенсивии дарахтони гелосу шафтолуро бунёд кардааст.