"Истиқлол" бори ҳаштум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид

Обуна шудан
Дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 бар дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд пирӯз шуда, соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон-2019 гардиданд

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. "Истиқлол" бори ҳаштум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид, хабар медиҳад "Ховар".

Дар Варзишгоҳимарказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Суперҷоми Тоҷикистон-2019 байнидастаҳои футболи  "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд баргузоршуд.

Дар ин вохӯрии ҷолиб  дастаи  футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 бар дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд пирӯз шуда, соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон-2019 гардиданд.

"Бояд зикр кард, ки  дар дақиқаи 38-уми бозӣ футболбозони меҳмон қоидаи дидорро вайрон намуданд ва довар ба дарвозаашон зарбаи ҷаримавии 11-метра таъйин кард. Голро легионери  дастаи "Истиқлол"  Руслан Корян бе хато ба ҳадаф расонида, дастаашро ба пеш баровард. Қисми аввали вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб, яъне 1:0 ба  нафъи дастаи  "Истиқлол" хотима ёфт", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар оғози пайти дуюми дидор боз Руслан Корян голи дуюмро ба ҳадаф расонида, шумораи голҳои дастаашро дучанд кард. Дар ин бозӣ нуқтаи ниҳоиро Шаҳром Самиев гузошт. Ҳамин тариқ бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2019 бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи  "Истиқлол" хотима ёфт.

Акнун дастаи футболи  "Истиқлол" маротибаи ҳаштум ҷоми мазкурро боли сар бардошт. Дастаи "Хуҷанд" маротибаи сеюм аз ҷоизаи мазкур маҳрум мешавад. Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта низ  дастаи футболи  "Истиқлол"-и Душанбе  ҷоми мазкурро соҳиб гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0