ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Далёни Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич як майдончаи варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ имрӯз, 29 март бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва сокинони ҷамоат доир шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати майдончаи варзишӣ 22Х43 буда, он дорои 200 ҷойи нишаст мебошад. Иншоот бо маблағи умумии 500 000 сомонӣ аз тарафи соҳибкори деҳа Неъматулло Раҳматов бунёд гардидааст.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни суханронии худ иброз дошт, ки бунёди майдончаи варзишӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш амри саривақтӣ буда, туҳфаи арзанда барои сокинон аст. Гуфта шуд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гўшаву канори ҷумҳурии азизамон бунёдкориву созандагӣ ҷараён дорад.
Дар ноҳияи Деваштич низ ба истиқболи ин ҷашн бо фарогирии ҳамаи деҳаҳою маҳаллаҳои аҳолишин бунёди 300 иншооти гуногун ба нақша гифта шуда, корҳо дар иншооти ҷашнӣ идома доранд.