Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон: таркиш омода мекарданд

© Sputnik / Екатерина Соловьева / Гузариш ба медиабонкСотрудники полиции в Германии. Архивное фото
Сотрудники полиции в Германии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти қудратии Олмон гурӯҳеро иборат аз даҳ нафар, ки ба омодагӣ ба таркиш гумонбар мешаванд, боздошт карданд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мақомоти қудратии Олмон дар шарқи ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо гумони омода кардани таркиш боздошт кардаанд. Дар ин бора нашриёти Bild бо такя ба додситонии Дюсселдорф хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки ин гурӯҳ дар паи баргузории рейдҳои навбатӣ дар заминҳои Шимолии Рейн-Вестфалия ва Баден-Вюртемберг боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар яке аз чунин рейдҳо коршиносони соҳаи маводи тарканда ҳузур доштаанд. 

Қайд мешавад, ки сухан дар бораи гурӯҳе иборат аз даҳ нафар меравад, ки барои таркиш омодагӣ медидаанд. Ва аксари аъзоёни гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Нашриёт қайд мекунад, ки дар айни ҳол ба ин ё он гурӯҳ аз ҷумла "Давлати Исломӣ" (мамнуъшуда дар Тоҷикистон), аъзо будани онҳо санҷида мешавад.

Дар баробари ин намояндаи мақомоти қудратии Дюсселдорф қайд карда, ки аз рӯи қазияи омодакунии таркиш тафтишот бурда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0