ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Дар қарори шаҳрдорӣ таъкид шудааст, ки бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳҳои апрел-майи соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Рустами Эмомалӣ, мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.
Рустами Эмомалӣ дар қарораш ба мақомоти умури дохилии Душанбе дастур додааст, ки “ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба нуқтаҳои даъватӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд”. Инчунин милисаҳои пойтахт муваззаф шудаанд, ки амнияту тартиботро дар мавсими даъват таъмин намоянд.
Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе супориш гирифтааст, ки ҳар ҳафта дар бораи раванди даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва то 4 июни соли 2019 натиҷаи ҷамъбасти онро ба мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе ҳисобот диҳад.
Шаҳрдор раисони навоҳии пойтахтро вазифадор кардааст, ки ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ аз корхона, муассиса ва ташкилотҳо 10 - нафарӣ кормандони техникиро сафарбар намоянд.
Раисон инчунин муваззаф шудаанд, “Рӯзи даъватшаванда”-ро баргузор кунанду гусел тантанавии даъватшавандагон ва истиқболи хизматчиёни ҳарбиеро, ки муҳлати хизматро адо намудаанд, ба роҳ монанд.