Раҳмон дар бораи ошӯб дар зиндони Хуҷанд: сардори маҳбас ва 8 зердасташ ҳам ҷавоб медиҳанд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои ташкили ошӯб дар зиндони Хуҷанд 33 маҳбус ва 9 корманди зиндон, аз ҷумла сардори он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки дар пайи сар задани ошӯб дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд 42 нафар, аз ҷумла 8 корманди зиндон ва сардори он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Вай таъкид кард, ки дар  курсии муттаҳамон 33 маҳбус нишастаанд. Якҷо бо онҳо 9 корманди зиндон, аз ҷумла  сардори он низ дар дазди додгоҳ посух хоҳанд гуфт.

Раҳмон афзуд, ки баррасии додгоҳии муттаҳамони ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз 12 март оғоз шуда, маҷлисҳои додгоҳи паси дарҳои пӯшида баргузор мешаванд.

Следственный изолятор. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Дар зиндони Хуҷанд, ки ошӯб сар зад, кормандонаш порагирӣ мекарданд"

Ошӯбгарон дар куштор, расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, муқовимат бар намояндагони давлат ва вайрон кардани тартиботи нигоҳдорӣ дар муассисаи ислоҳӣ муттаҳам мешаванд.

Ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд шаби 7-ум ба 8-уми ноябри соли 2018 сар зада буд.

Ҳангоми ошӯб ду корманди зиндон кушта, 5 посбон бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона фиристода шуда буданд.

 Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин қайд карда буд, ки ҳангоми ошӯби шаби 8 ноябр дар зиндони Хуҷанд, 21 маҳбус безарар гардонида шуд, ки бештарашон барои терроризм маҳкум шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта баъд аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, генерал Изатулло Шарифзодаро аз мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия барканор карда, ба ҷояш Умаров Мансурҷон Ғаффорович, собиқ ноиби аввали раиси КДАМ-ро таъйин кард.

Инчунин ахиран хабар дода шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса 7 корманди маҳбас бо шумули сардори он Файзулло Сафарзода ва сардори бахши низомии зиндон Фарҳод Садировро боздошт карданд.

Лентаи хабарҳо
0