ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳамтои русаш Владимир Путин аспи даванд ва саги зотии қирғизӣ ҳадя кард.
Ӯ ин ҳадяҳояшро дар рафти сафари давлатии Путин ба кишвар супорид. Путин бо хушнудӣ тӯҳфаҳоро қабул намуд.
"Чӣ хел зебо", - гӯён ба асп сабзӣ дод президент.
Путин, орловский скакун и киргизская борзая. Скоро в России pic.twitter.com/tmIlM1CXAk
— Кремлевский пул РИА (@Kremlinpool_RIA) 28 марта 2019 г.
Сипас Путин бо Шерхон, сагчаи қирғизӣ шинос шуд. Ӯ "натарс-натарс" гӯён Шерхонро сила кард.
Бори аввал нест, ки ба Путин сарони кишварҳои гуногун чунин тӯҳфаҳои "зинда" ҳадя мекунанд. Чунончӣ, моҳи январи соли равон раисҷумҳури Сербия Александр Вучич ба Путин саги чӯпонӣ ҳадя карда буд.
Вучич подарил Путину Пашу - щенка шарпланинской овчарки. Умная и преданная собака, но с упрямым характером. Когда подрастет, будет весить до 40 килограммов pic.twitter.com/jOTn4q9AVM
— Кремлевский пул РИА (@Kremlinpool_RIA) 17 января 2019 г.
Гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Русия ҳайвонот, аз ҷумла сагро бисёр дӯст медорад. Яке аз сагҳои дӯстдоштаи президент Коннӣ буд, ки ба раисҷумҳур вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу тӯҳфа карда буд.
Соли 2017 президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов низ ба зодрӯзи Путин саг ҳадя кард.