Раисиҷумҳури Ёқутистон 33 навъи фаъолиятро барои муҳоҷирон мамнуъ кард

© ГУ МВД РОССИИ ПО Г.САНКТ-ПЕТЕРБУРГУНа рынке в центре Петербурга выявлены нелегальные мигранты
На рынке в центре Петербурга выявлены нелегальные мигранты - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айсен Николайев, роҳбари Ёқутистон машғул шудани муҳоҷиронро ба 33 навъи фаъолият дар ин ҷумҳурӣ мамнуъ кард

ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Ёқутистон, Николайев бо як қарор феҳрасти корҳои мамнуъ барои муҳоҷиронро бештар кард.

Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Раҳмон ба Русия ва дархости Лавров дар мавриди муҳоҷирон аз Тоҷикистон - видео

Бар асоси ин қарор, барои муҳоҷирон мусофирбарӣ, савдои мева, нӯшокиҳо ва либосворӣ мамнуъ мебошад. Инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонанд дар бахши хоаҷагии қишлоқ, ҷангал, шикор, сохтмон, соҳаи коркард, меҳмонхонаҳо ва фаъолияти илмию техникӣ машғул шаванд.

Амалиёти марбут ба амволи ғайриманқул, маориф, тандурустӣ, хадамоти иҷтимоӣ, соҳаи ҳуқуқ, муҳосибот, меъморӣ ва лоиҳакашии муҳандисию техникӣ низ ба феҳрасти корҳои мамнуъ барои муҳоҷирон шомил гардиданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Ёқутистон бо нашри иттилоъ дар ин бора таъкид намудааст, ки маблағи патент дар ҷумҳурӣ баландтарин дар Русия буда, ҳамасола квота барои муҳоҷирон кам карда мешавад.

Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маблағи фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон баробар ба 35-37% ММД кишвар аст

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи нашри хабари таҷовузи як зан дар Якутск сокинони маҳаллӣ ба эътирозҳо алайҳи муҳоҷирон баромада, бархе дар кӯчаю хиёбонҳо ба бедодгарӣ алайҳи муҳоҷирон даст задаанд.

Пулиси Ёқутистон муттаҳамон дар қонуншиканиҳо нисбат ба муҳоҷиронро боздошт карда, аз шаҳрвндон даъват кардааст, ки аз барангехтани кинаю адовати миллӣ худдорӣ кунанд. Бо иттиҳоми таҷовуз шаҳрванди Қирғизистон боздошт гардид.

Лентаи хабарҳо
0