ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Кормандони милитсия Тоҷикистон Абдурозиқов Суҳроб Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Данғараро дастгир намуданд, ки дар пахш ва марги пиёдагард гумонбар дониста мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми марти соли равон, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Абдурозиқов Суҳроб Раҷабалиевич, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоили шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Мирзомурод Тоирович, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Заргари шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷа, пиёдагард Қурбонов Мирзомурод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.