Дар Эрон дар пайи фалокати табиӣ - обхезии шадид 25 музофот валангор шуданд.
Бештар аз ҳама сокинони шаҳри Шероз осеб диданд. Офати табиӣ пурра даромадгоҳи шимолии шаҳр "Дарвозаи Қуръон"-ро тахриб кардааст. Маҷрои бузург худрав ва одамону ҳайвонҳоро бурда, биноҳоро вайрон кард.
Дар натиҷа 19 тан кушта ва 120 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ба хонаводаҳои осебдидагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба мақамоти маҳаллӣ супориш додааст, ки ба онҳо кӯмаки фаврӣ расонида шавад.

Кӯчаҳои зериобмондаи музофоти Гулистон дар Эрон

2/15
© AP / Amin Berenjkar/Mehr News Agency
Пайомадҳои обхезӣ дар Шерози Эрон

Пас аз обхезии шадид наметавон ҳатто аз кӯча гузашт

Дар музофоти Гулистон сокинон майдонеро ба хаймазор табдил доданд

Маҷрои бузург мошину одамон ва ҳайвонотро бурд

Сокинон колои эминмондаашонро ба минтақаи бехавф интиқол медиҳанд

Пас аз ду рӯзи рух додани офати табиӣ. Шероз, Эрон 26 март

Хонае дар байни кӯчаи зериобмонда дар музофоти Гулистони Эрон

Кӯдакон дар минтақаи офатзадаи Мозандарон

10/15
© AP / ISNA
Мошинҳои шикаста, бозичаҳои пур аз лой ва либосу хӯрок дар замин - кӯчаҳои Шероз пас аз обхезӣ

Намои музофоти Гулистон пас аз обхезӣ

12/15
© AP / Mohsen Esmaeilzadeh/ISNA
Низомиён мардумро наҷот медиҳанд

Сокинон кӯчаҳоро тоза мекунанд

Дар пайи офати табиӣ 19 тан кушта ва 120 кас маҷрӯҳ шуданд

Пайомадҳои обхезӣ дар Шероз, Эрон