ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Соле пеш дар Узбакистон хабари боварнокардание паҳн шуд: аз бадани кӯдаки 1-солае 16 сӯзан пайдо карданд.
Хушбахтона, пизишкони кишвар писаракро наҷот доданд. Ба гуфтаи онҳо, сӯзанҳо давоми 1-1,5 моҳ дар бадани кӯдак буданд.
Ҷарроҳон дар рафти ҷарроҳии 9-соата аз бадани Азизбек 13 сӯзанро берун карданд. Дар ҷарроҳии дуввум 3 сӯзани дигар гирифта шуд.
Табибон мегуфтанд, ки кӯдак наметавонист сӯзанҳоро мустақилона фурӯ барад. Ба гуфтаи онҳо, касе онҳоро ба ҷисми писарак халонидааст.
Хабарнигори узбакистонӣ меҳмони хонаводаи Абдумаҷидовҳо шуда, аз аҳволи кӯдак хабар гирифтааст. Хонавода ба наздикӣ ба хонаи алоҳида кӯчидаанд, аммо манзили онҳо то ҳол пурра сохта нашудааст. Азизбек моҳе пеш 2-сола шудааст ва ҳоло саломатиаш хуб аст.
Моҳи сентябри соли гузашта волидон писаракро дубора аз ташхис гузаронидаанд. Маълум шудааст, ки ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад. Азизбекро ҳар шаш моҳ пизишкон хабар мегиранд.
Падари Азизбек - Алиҷон пас аз мушкилии гузашта, нахост тарки оила карда, ба муҳоҷират баргардад. Аммо хонавода мушкилии иқтисодӣ доранд. Онҳо ба дастгирии ҳукумати кишварашон умед мебанаданд.
"Дар телевизион гуфтанд, ки нафарони ниёзмандро бонкҳо ва давлат дастгирӣ мекунанд. Мо ҳам ба ҳамин умед мекунем, агар каме дастгирии молӣ пайдо кунем, дар оянда ҳисобамонро меёбем", - мегӯяд вай.
Ёдрас мешавем, чунин як ҳодиса дар Тоҷикистон низ рух дод. Пизишкони тоҷик дар бадани як тифли 9-моҳа 10 сӯзан пайдо карданд. Аввал наздикони кӯдак мегуфтанд, ки намедонанд, омили ворид шудани ҷисмҳои бегона ба кӯдак дар чист.
Дератар ВУД эълом кард, ки сӯзанҳоро модари тифл ҷой додааст.
Ба пизишкон даст додааст, ки аз бадани Мудассир 6 сӯзанро берун кунанд, 4 сӯзани дигар дар ҷисми кӯдак ҳоло истодааст.
Охирҳои моҳи феврали соли равон додгоҳ низ модари кӯдакро дар халонидани сӯзан ба ҷисми фарзанди худ муҷрим шинохт ва ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешуд, то ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ модар бо тифлаш мемонад. Тақдири баъдии ин хонавода ҳоло рӯшан нест.