Ҷангал як шоҳ дорад: Ҳабиб дар бораи тарки муҳориба кардани Конор

© AP / John LocherХабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором
Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор эълом кард, ки тарки муҳорибаҳои омехта мекунад

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Варзишкори номии Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедов тарки муҳорибаҳои омехта кардани Конор Макгрегорро тавзеҳ додааст.

Пештар варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор эълом кард, ки тарки муҳорибаҳои омехта мекунад.

"Ҷангал як шоҳ дорад", - навиштааст Ҳабиб дар Твиттер.

Бой Макгрегор - Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
"Ду худои UFC": Силвестр Сталлоне дар интизори реванши Ҳабиб ва Конор

Варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор дар саҳифаи Twitter хабар дод, ки тарки майдон мекунад.

“Ман тасмим гирифтам аз майдони ҳунарҳои размии омехта равам. Ман ба ҳамаи ҳамкасбонам пешравиҳои орзумандам. Акнун ман бо ҳамкасбони собиқам, ки ҳоло дар истеъфо мебошанд, ҳамроҳ мешавам”, - навишт ӯ.

Ба гуфтаи роҳбари UFC Дэйна Уайт варзишкори ирландӣ дар зиндагӣ ҳам, мисли муҳорибаҳои омехта муваффақ хоҳад шуд.

Ахиран собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс, Майк Тайсон  дар бораи хоҳиши саҳмиядор шудани қаҳрамони муҳорибаҳои омехта (MMA) Конор Макгрегорро дар UFC хабар дода буд.

Ба гуфти ӯ хуб мешуд Конор бештар ба варзиш сару кор гирад на ба тиҷорат.

Конор Макгрегор яке аз муваффақтарин варзишкори UFC ба ҳисоб меравад. Ӯ дар 25 муҳорибаи омехта иштирок намуда дар 21 муҳориба пирӯзи ба даст овардааст. Вай танҳо дар 4 муҳориба мағлуб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0