ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино бар гузориши "Парс тудэй", маркази матбуотии ширкати “Казмунайгаз” аз идомаи оташсӯзӣ дар маъдани нафтии Каламкас дар Қазоқистон хабар дод.
Бар асоси ин гузориш, амалиёт барои хомӯш кардани оташсӯзӣ дар маъдани нафтии мавсум ба Каламкас, воқеъ дар ғарби Қазоқистон идома дорад.
Бино ба ин гузориш, нерӯҳои оташнишонӣ барои хомӯш кардани оташ иқдомоти мухталиферо анҷом дода ва равишҳои зиёде ба кор бурдаанд, аммо ба далели адами масири убур ва мурур ва зерсохтҳои лозим то кунун оташ хомӯш нашудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар маъдани нафтии мазкур 12 мошини оташнишонӣ ва 53 коршиноси Вазорати мавқеиятҳои изтирорӣ қарор доранд.
Рӯзи гузашта дар ин маъдан оташсӯзӣ оғоз шудааст, ки шӯълат оташ ба даҳ метр мерасид.
Вазорати энержии Қазоқистон амалиёти бозрасии ҷузъиёти ин ҳодисаро оғоз кардааст.
Ширкати “Казмунайгаз” –и мутааллиқ ба давлати Қазоқистон ва «CNPC» -мутааллиқ ба Чин соҳиби ин маъдан мебошад.