ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Нахуствазирони Русия ва Узбакистон Дмитрий Медведев ва Абдулло Орипов дар бораи баргузории якумин ниишасти байни ҳукуматии ду кишвар дар Тошканд суҳбат карданд.
Қарор шуда, ки ин нишаст моҳи май баргузор шавад.
Чуноне Sputnik Узбакистон бо такя ба хадамоти матбуотии ҳукумати Русия хабар медиҳад, сарвазирон рӯзи 25 май дар ин бора тариқи телефон суҳбат карданд.
Раисҷумҳур ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар кард
Дмитрий Медведев ва Абдулло Орипов масоили мубрами ҳамкориҳои Русияю Узбакистонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, навоварӣ ва техникӣ ва ҳамчунин нишасти комиссияи сатҳи ҳукуматии ду кишвар, ки охири соли 2019 дар Узбакистон баргузор мешавад, баррасӣ кардаанд.
Узбакистон мехоҳад ба воситаи Тоҷикистон ба Чин роҳи транзитӣ кушояд
Комиссияи муштарак дар сатҳи ҳукумати ду кишвар Русия ва Узбакистон моҳи октябри соли 2018 дар паи гуфтушунид миёни Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев барои таҳкими ҳмамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ ташкил шуда буд.