ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Маросими пешвози Владимир Путин дар Бишкек на танҳо меҳмонони русиягӣ, балки худи қирғизистониҳоро ҳам дар ҳайрат хоҳад гузошт, гуфт Дониёр Сидиқов раҳбари шуъбаи сиёсии дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон дар нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои Sputnik Қирғизистон, ӯ дар ин нишасти матбуотӣ ёдовар шудааст, ки соли 2012 қонуни нав дар бораи протоколи сиёсӣ қабул шуда буд.
"Мехостам диққати шуморо ба маросим ва маросимдорӣ ҷалб кунам, ки дар шакли нав сурат мегирад. На танҳо меҳмононро, балки қирғизистониҳоро ҳам шигифтзада мекунем",-гуфт Сидиқов.
Ӯ қайд карда, ки ин сафар оғози таҷрибаи нави протоколи нави сиёсӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 28 март бо сафари расмӣ ба Қирғизистон меравад.
Дастури раисҷумҳур ба вазири умури хориҷа барои омодагӣ ба сафари Путин
Дар ин росто, раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар маҷлис ба вазири умури хориҷаи ин кишвар Чингиз Айдарбеков дастур дод, ки ба сафари Владимир Путин ҷиддӣ омодагӣ бинанд.