ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор эълон кард, ки аз майдони ҳунарҳои размии омехта рафт.
Вай дар ин бора дар саҳифаи Twitter хабар додааст.
“Ман тасмим гирифтам аз майдони ҳунарҳои размии омехта равам. Ман ба ҳамаи ҳамкасбонам пешравиҳои орзумандам. Акнун ман бо ҳамкасбони собиқам, ки ҳоло дар истеъфо мебошанд, ҳамроҳ мешавам”, - гуфт варзишкори 30 сола.
Hey guys quick announcement, I’ve decided to retire from the sport formally known as “Mixed Martial Art” today.
— Conor McGregor (@TheNotoriousMMA) March 26, 2019
I wish all my old colleagues well going forward in competition.
I now join my former partners on this venture, already in retirement.
Proper Pina Coladas on me fellas!
Ба гуфтаи роҳбари UFC Дэйна Уайт варзишкори ирландӣ дар зиндагӣ ҳам, мисли муҳорибаҳои омехта муваффақ хоҳад шуд.
Ахиран собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс, Майк Тайсон дар бораи хоҳиши саҳмиядор шудани қаҳрамони муҳорибаҳои омехта (MMA) Конор Макгрегорро дар UFC хабар дода буд.
Ба гуфти ӯ хуб мешуд Конор бештар ба варзиш сару кор гирад на ба тиҷорат.
Конор Макгрегор яке аз муваффақтарин варзишкори UFC ба ҳисоб меравад. Ӯ дар 25 муҳорибаи омехта иштирок намуда дар 21 муҳориба пирӯзи ба даст овардааст. Вай танҳо дар 4 муҳориба мағлуб шудааст.